Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ишқ миёни ошиқон шева кунад барои ман

Ишқ миёни ошиқон шева кунад барои ман, Ишқ чу масту хуш шавад, бехуду кашмакаш шавад. Фош кунад чу бедилон бар ҳамагон ҳавои ман, Нози маро ба ҷон кашад, бар рухи ман нишон кашад. Чархи фалак ҳасад барад з-он чӣ кунад ба ҷои ман, Ман сари худ гирифтаам, ман зи вуҷуд рафтаам. Зарра ба зарра мезанад дабдабаи фанои ман, Оҳ, ки рӯз дер шуд, оҳуи лутф шер шуд. Дилбару ёр сер шуд аз сухану дуои ман, Ёр бирафту монд дил шаб ҳама шаб дар обу гил. Талху хумор метапам то ба сабӯҳ, войи ман, То ки сабӯҳ дам занад, шамси фалак алам занад. Боз чу сарв тар шавад пушти хами дутои ман, Боз шавад дукони гул, ноз кунанд ҷузву кул. Нойи уроқ бо дуҳул шарҳ диҳад санои ман, Соқии ҷони хубрӯ бода диҳад сабӯ-сабӯ. То сару пой гум кунад зоҳиди муртазои ман, Баҳри Худой, соқиё, он қадаҳи шағарфро Бар кафи пири ман бинеҳ аз ҷиҳати ризои ман. Гуфт, ки бода додамаш, дар дилу ҷон ниҳодамаш, Болу паре кушодамаш аз сифати сафои ман. Пир кунун зи даст шуд, сахт харобу маст шуд, Нест дар он сифат, ки ӯ гӯяд нуқтаҳои ман. Соқии одамӣ кашам, гар бикашад маро хушам, Роҳ бувад атои ӯ, рӯҳ бувад сахои ман. Бода туӣ, сабӯ манам, об туиву ҷӯ манам,