Асар дур аст аз ин ёрон ҳуқуқи ошноиро
Асар дур аст аз ин ёрон ҳуқуқи ошноиро,
Сару гардан магар зоҳир кунад дарди ҷудоиро.
Зи бедардӣ ҷаҳоне ғофил аст аз офият ин ҷо,
Чӣ донад устухоннашкаста қадри мӯмиёиро?
Кашокашҳо нафасро аз тааллуқ барнамедорад,
Зи ҳастӣ бигсалам, к-ин ришта дарёбад расоиро.
Зи фикри мовуман ҷастан талоше тунд мехоҳад,
Макун таклифи табъ ин мисраи зӯрозмоиро.
Навое нест ғайр аз қулқули мино дар ин маҳфил,
Нафас яксар раҳини шишасозон гашт ноиро.
Кӣ медонад тааллуқ дар чӣ ғирбол уфтод обаш?
Видоъи дом ҳам дар гиря меорад раҳоиро.
Ба ҳар маҳфил ки бошӣ, бетаҳошӣ чашму лаб макшо,
Ки тамкин тахта мехоҳад дукони беҳаёиро.
Надорад зиндагӣ нанге чу ташҳири худороӣ,
Бипӯш аз чашми мардум лаккаи рангинқабоиро.
Тамаъ дар арзи ҳоҷат зиллате дигар намехоҳад,
Кушоди чашм кард аз коса мустағнӣ гадоиро.
Ба ҳар ҷо парфишон бошад нафас, сайди ҷунун дорад,
Нишони пуч бисёр аст ин тири ҳавоиро.
Тариқи амн сар кун, вазъи бекорӣ ғанимат дон,
Ки хор аз дур мебӯсад кафи пойи ҳиноиро.
Суҷуде мебарам, чун соя, дар ҳар дашту дар, Бедил,
Ҷабин бардошт аз дӯшам ғами бедаступоиро.