Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Аз ном агар нагзарӣ, аз нанг бурун о

Аз ном агар нагзарӣ, аз нанг бурун о, Эй накҳати гул, андаке аз ранг бурун о. Олам ҳама аз боли парӣ оина дорад, Гӯ, шиша намудор шаву санг бурун о. З-ин арсаи аздод макаш нанги фусурдан, Гирам, ҳама тан сулҳ шудӣ, ҷанг бурун о. То шуҳрати вомондагият ҳарза набошад, Як обилавор аз қадами ланг бурун о. Оби рухи гулзори вафо вақфи гудозест, Хуне ба ҷигар ҷамъ куну ранг бурун о. То шиша наӣ, санг нишастаст ба роҳат, Аз хеш тиҳӣ шав, зи дили танг бурун о. Як лағзиши по ҷодаи тавфиқ талаб кун, Аз заҳмати чандин раҳу фарсанг бурун о. Ваҳшаткадаи мовуманат гарди хиромест, З-ин парда чӣ гӯям ба чӣ оҳанг бурун о? Афсурдагие нест ба авҳоми тааллуқ, Ҳарчанд шарар нестӣ, аз санг бурун о. Дар нолаи хомушнафасон маслаҳате ҳаст, Эй софии матлаб, нафасе занг бурун о. Зиндонии андӯҳи тааллуқ натавон зист, Бедил, дилат аз ҳар чӣ шавад танг, бурун о.