Оинаи чандин табу тоб аст дили мо
Оинаи чандин табу тоб аст дили мо,
Чун доғи ҷунун шуъланиқоб аст дили мо.
Умрест, ки чун оина дар базми хаёлат
Ҳасратнигаҳи як мижа хоб аст дили мо.
Моему ҳамин мавҷи фиреби нафасе чанд,
Сарчашма магӯед, сароб аст дили мо.
Паймонаи мо пур шавад, он дам ки биболем,
Дар базми ту ҳамзарфи ҳубоб аст дили мо.
Оташ зану наззораи бебокии мо кун,
Ҷуз сӯхтан охир ба чӣ боб аст дили мо?!
Лаъли ту ба ҳарф омаду додем дил аст даст,
Яъне, ба суоли ту ҷавоб аст дили мо.
Мо ҷуръакаши соғари саршори гудозем,
Шабнамсифат аз олами об аст дили мо.
То чист саранҷоми шумори нафас охир?
Умрест, ки дар пойи ҳисоб аст дили мо.
Ҳасратсамари кӯшиши беҳосили хешем,
Азбаски нафас сӯхт, кабоб аст дили мо.
Дарё ба ҳубобе чӣ қадар ҷилва фурӯшад?
Оинаи васлему ҳиҷоб аст дили мо.
Сад санг шуд оинаву сад қатра гуҳар баст,
Афсӯс, ҳамон хонахароб аст дили мо.
То ҷунбиши тори нафас афсонатироз аст,
Бедил, ба каманди раги хоб аст дили мо.