Ба авҷи кибриё, к-аз паҳлуйи аҷз аст роҳ он ҷо
Ба авҷи кибриё, к-аз паҳлуйи аҷз аст роҳ он ҷо,
Сари мӯе гар ин ҷо хам шавӣ, бишкан кулоҳ он ҷо.
Адабгоҳи муҳаббат нози шӯхӣ барнамедорад,
Чу шабнам сар ба муҳри ашк меболад нигоҳ он ҷо.
Ба ёди маҳфили нозаш саҳархез аст аҷзоям,
Табассум то куҷоҳо чида бошад дастгоҳ он ҷо?
Муқими дашти улфат бошу хоби ноз сомон кун,
Ба ҳам меоварад чашми ту мижгони гиёҳ он ҷо.
Хаёли ҷилвазори нестӣ ҳам оламе дорад,
Зи ҷайби мо саре бояд кашидан гоҳ-гоҳ он ҷо.
Хушо базми вафо, к-аз хиҷлати изҳори навмедӣ
Шарар дар санг дорад парфишониҳои оҳ он ҷо.
Ба саъйи ғайр мушкил буд з-ошӯби дуӣ растан,
Саре дар ҷайби худ дуздидаму бурдам паноҳ он ҷо.
Дил аз камзарфии тоқат набаст эҳроми овозе,
Ба санг ояд магар ин ҷому гардад узрхоҳ он ҷо.
Ба Канъони ҳавас гарде надорад Юсуфи матлаб,
Магар дар худ фурӯ рафтан кунад эҷоди чоҳ он ҷо.
Зи бас файзи саҳар меҷӯшад аз гарди саводи дил,
Ҳама гар шаб шавӣ, рӯзат намегардад сиёҳ он ҷо.
Зи тарзи машраби ушшоқ сайри бериёӣ кун,
Шикасти ранги кас обе надорад зери коҳ он ҷо.
Замингирам, ба афсуни дили бемуддао, Бедил,
Дар он водӣ, ки манзил низ меафтад ба роҳ он ҷо.