Чанд хуноби дил аз дида ба домон кардан?
Чанд хуноби дил аз дида ба домон кардан?
То ба кай нола зи бедодии ҳиҷрон кардан?
Нест андешаам аз кӯтаҳии умр, вале
Боядам зоди раҳи ҳиҷри ту самон кардан.
Ковиши дида макун гиря, ки дар роҳи талаб
Номуборак бувад озори рафиқон кардан.
Хуни парвона зи бас рехтаӣ бар сари базм
Бояд эй шамъ, туро шамъи шаҳидон кардан.
Кори Махфӣ шудаву теғи ҷафоят даркор,
Бегунаҳ чанд тавон қасди асирон кардан?