Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Зебуннисо Махфӣ
Зебуннисо Махфӣ

Биё эй дил, даме ёди ватан кун

Биё эй дил, даме ёди ватан кун, Чу қумрӣ нола бар сарви чаман кун. Худоро парда аз рухсор бардор, Зи шамъи ҳусн равшан анҷуман кун. Чу гул эй андалеб, аз дидаи гул Ҳазорон чок дар ҷайби бадан кун. Гирифта чун зи Хисрав коми Ширин Дуое бар равони Кӯҳкан кун. Чу гум шуд Юсуфи ҷони ту, Махфӣ Ватан дар гӯшаи байтулҳазан кун.