Гираҳ зи кор чу накшод беқарории мо
Гираҳ зи кор чу накшод беқарории мо,
Дигар чӣ суд дило аз фиғону зории мо.
Ба беқарории мо сӯзи дил қарор гирифт,
Натиҷаи аҷабе дод беқарории мо.
Гули мурод ба боғи умедҳо нашукуфт,
Қарор ёфт ба яъс ин умедвории мо.
Чу ёри ёр шавад ёри ёри мо дигар
Чӣ эҳтиёҷ бувад ёрро ба ёрии мо?
Макун талоши раҳойӣ зи қайди ғам Махфӣ,
Ки нест маслиҳати вақт растагории мо.