Оташи ишқи ту дар дил булбулу парвонаро
Оташи ишқи ту дар дил булбулу парвонаро,
Бодаи шавқи ту бар лаб соғару паймонаро.
Аз шиканҷи зулфи ту ҳосил нашуд ороми дил,
Оқибат кардӣ ба по занҷир ин девонаро.
Дидаро аз лахти дил гунҷоиши ашке намонд,
То ба кай лабрези хун дорам ман ин паймонаро?
Баъд аз ин Махфӣ, туро бояд дар оташ зистан,
Кошиафшон кардаӣ аз роҳи шафқат хонаро.