Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Зебуннисо Махфӣ
Зебуннисо Махфӣ

Чун кунад парданишин чеҳраи нурафшонро

Чун кунад парданишин чеҳраи нурафшонро, Панҷа дар панҷаи мижгон кунадам мижгонро. Дӯш бар дӯш равад донаи ашкам зи назар, Ҳалқа дар ҳалқа бувад силсилаи тӯфонро. Бе маҳи рӯи ту равшан нашавад хонаи дил, Бе сари зулфи ту имон набувад имонро. Ғунча ширин накунад лаб зи табассум ба чаман, Пур зи хуноби ҷигар то накунад домонро. Нола оҳиста, ки хомӯши муҳаббат Махфӣ, Сайди сайёд кунад булбули хушилҳонро.