Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Зебуннисо Махфӣ
Зебуннисо Махфӣ

Гар парда бар фитад зи гули тозадоғи мо

Гар парда бар фитад зи гули тозадоғи мо, Оташ фитод зи рашк ба гулҳои боғи мо. Бо он ки сар зад аз дили ман шуълаҳои оҳ, Равшан кунад зи боди ҳаводис чароғи мо. Моро ба кӯҳу дашту биёбон қарор нест, Савдои ишқ кард парешон димоғи мо. Парвардаи ғамем ба ғам хӯ гирифтаем, Бошад маҳоли ишқ зи меҳнат фароғи мо. Авроқи умри мо ҳама меҳнат ба бод дод, Анқои рӯзгор ҳамон дар суроғи мо. Махфӣ, маҷӯ зи бодаи мо нашъаи нишот, Гар хуни дида гашта лаболаб аёғи мо.