Офиятро нест чун андешаи дармони мо
Офиятро нест чун андешаи дармони мо,
Доғи расвоӣ манеҳ беҳуда ғам бар ҷони мо.
Дар шаби ялдо агар шамъе набошад, гӯ мабош,
З-оташи дил равшан аст ин кулбаи эҳзони мо.
Ҷустуҷӯ кам кун дило, к-аз давлати дунҳимматон
Нашъаи осудагӣ анқост дар даврони мо.
Кай гиёҳи хуррамӣ рӯяд, ки дар ҳангоми кишт
Рехта дар хоки зиллат тухми мо деҳқони мо.
Киштиям собит намонад дар биҳишти офият,
Баски ҳар лаҳза фузун аст мавҷаи тӯфони мо.
Рехтам Махфӣ, зи бас хуноби дида дар чаман,
Имтиёзе нест дар хору гули бӯстони мо.