Доғи нави ту мениҳам ҷону дили кабобро
Доғи нави ту мениҳам ҷону дили кабобро,
Равнақи тоза медиҳам мамлакати харобро.
Хуни ҷигар фишондаам дар раҳи ҷустуҷӯ басе,
То ки гирифт дасти ман домани офтобро.
Марҳами захми синаӣ, равшании ду дидаӣ,
Гарми ғазаб чӣ мекунӣ, наргиси нимхобро?
Ҷон зи дилам гирифтаӣ, дил зи кафам рабудӣ,
Баҳри Худой, барфикан аз рухи худ ниқобро.
Махфии дардманди ту дил ба ғамат фусурдааст,
Сарфи ду дида карду рафт қатраи хуни нобро.