Ишқ то зад ба дилам оташи расвоиро
Ишқ то зад ба дилам оташи расвоиро,
Баргузидам зи ҷаҳон гӯшаи танҳоиро.
Қасди ман баҳри нигоҳе зи мурувват дур аст,
Кас гунаҳкор накардаст тамошоиро.
Булҳавас лофи муҳаббат задану коҳиши ҷон,
Вой гар ишқ намедошт шиносоиро.
Барнаёяд ба муроди дили ман як нафасам,
То хирад дод ба ман мансаби доноиро.
Баҳри дидор бикун сайқали оинаи дил,
То дар он ҷилва диҳад ҳусн худороиро.
Махфиё, умри азизат чу ба худрой рафт,
Тарк кун, тарк ту ин шеваи худроиро.