Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Зебуннисо Махфӣ
Зебуннисо Махфӣ

Ғам мекунад фузунӣ, эй дӯстон худоро

Ғам мекунад фузунӣ, эй дӯстон худоро, Шояд нуҳуфта монад ин рози ошкоро. Моро чу мум бигдохт ин оташи муҳаббат, То чанд бошадат дил дар сина санги хоро? Мурдему гардиши чарх раҳме накард бар мо, То кай тавон ба душман соҳибдилам худоро? Киштии умр бишкаст дар баҳри ноумедӣ, Мушкил, ки боз бинем дидори ошноро. Ҳосил нашуд чу гаҳ-гаҳ коме зи тири тадбир Тадбирро гузорам, гардан ниҳам қазоро. Бигзашт мавсими гул, шуд нолаҳои булбул, То кай шароби мастӣ ё айюҳассукоро. Бар бод рафт дар ғам ёрон, захираи умр, Бошад, ки гардиши чарх фурсат диҳад шуморо. Эй Хисрави замона, бикшода чашм бингар Дар номаи Сикандар аҳволи мулки Доро. Ёрон, ба базми ишрат Махфию кӯи меҳнат Бо офият чӣ кораст дарвеши бенаворо?