То дод навид аз қадамат абр чаманро
То дод навид аз қадамат абр чаманро,
Бикшод ба побӯсии ту ғунча даҳанро.
Гар парда шавад дур зи рухсораи ҳуснат,
Юсуф накунад бори дигар ҳубби ватанро.
Бемори туро нест илоҷе ба ҷуз аз васл,
Бефоида ковиш макун ин доғи куҳанро.
Гарди раҳи ту сурмаи оҳуи Хито шуд,
З-он нисбати зулфи ту кунад мушки Хутанро.
Мақбули азизон шуда абёти ту, Махфӣ,
Нозам ту диҳӣ дод дар ин арса суханро.