То кард бино чашми ту бедодгариро
То кард бино чашми ту бедодгариро
Оташ ба дил афтод насими саҳариро.
Бас Хизр, ки сероб шуд аз чамаи ҳайвон,
Чун ғунча кушодӣ ту даҳони шакариро.
Мисли ту назодаст халаф модари айём,
Ин ҳусн надодаст малакрову париро.
Бевосита силӣ назадам бар рухи уммед,
Гӯё зи ту омӯхт фалак фитнагариро.
Ҷон меравад аз дасти ту Махфӣ, нигаҳе кун,
Маъюс макун аз раҳи худ раҳгузареро.