Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Зебуннисо Махфӣ
Зебуннисо Махфӣ

Мадеҳ бар бод аз шона сари зулфи парешонро

Мадеҳ бар бод аз шона сари зулфи парешонро, Макун саргаштаи водӣ ту инак, дардкешонро. На гул дидам, на булбулро, аз ин бӯстонсаро рафтам, Дуои ман сабо гӯӣ, агар бинӣ ту эшонро. Зи бас оҳу фиғон кардам, зи ман бегона шуд ғам ҳам, Зи худ бегона ман кардам ба зӯри даст хешонро. Ту меронӣ маро аз пешу ман чун бед ларзонам, Ки бас нозукдилӣ бошад гурӯҳи сабркешонро. Ба пеши даштпаймоён лаб аз гуфтушунав дарбанд, Макун озор эй Махфӣ, ба заҳр олуданешонро.