Эй мунаввар аз маҳи ҳуснат чароғи офтоб
Эй мунаввар аз маҳи ҳуснат чароғи офтоб,
В-эй муаттар аз сари зулфат димоғи офтоб.
Оби савдоят суроҳӣ бар лаби соғар ниҳод,
З-оташи дил рехт майро дар аёғи офтоб.
Партави ҳуснат нагардад ҷилвагар гар дар чаман,
То қиёмат нашкуфад як гул ба боғи офтоб.
Махфиё, то кай парешондомани мақсуд гашт?
Рафт ин умри киромӣ дар суроғи офтоб.