Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Зебуннисо Махфӣ
Зебуннисо Махфӣ

Ҳангомаи дил гарм ба май мекунам имшаб

Ҳангомаи дил гарм ба май мекунам имшаб, Ҳамсӯҳбатии нолаи най мекунам имшаб. Гарм аст маро сӯҳбату сар бар кафи даст аст, Меҳмонии сад ҳотами Тай мекунам имшаб. Аз дида равон ашкаму бар каф зи тило ҷом, Фарёд ба ёди Ҷаму Кай мекунам имшаб. Бас ҷазбаи шавқи ту зи дил бурд инонро, Аз шавқи ту сад марҳала тай мекунам имшаб. Махфӣ, нафасе сард, ки дилро бишикофад, К-ин сахтдилӣ чун шаби дай мекунам имшаб.