То шароби лаби лаъли ту ба ҷом аст имшаб
То шароби лаби лаъли ту ба ҷом аст имшаб,
Кавкаби бахти маро ком ба ком аст имшаб.
Омадӣ ҷону дилу дида нисорат бодо,
Чун туӣ муниси ҷон, хоб ҳаром аст имшаб.
Абрӯвонат маҳи ид асту рухат шамъи фалак,
Меҳру маҳро маи мақсуд ба ҷом аст имшаб.
Кавкаби бахти сиёҳам шуда имшаб равшан,
Оре, оре маҳи ман бар лаби бом аст имшаб.
Ҷуръае дод ба дастам чу ба ёдат Махфӣ,
З-он маро меҳру маҳу чарх ғулом аст имшаб.