Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Зебуннисо Махфӣ
Зебуннисо Махфӣ

Гули мақсудро бӯ кардам имшаб

Гули мақсудро бӯ кардам имшаб, Хаёли чашми ҷоду кардам имшаб. Зи селоби сиришкам гашт тӯфон, Ба оби зиндагӣ хӯ кардам имшаб. Ба базми булбулон аз шом то субҳ, Ба боғи ҳаҷр ёҳу кардам имшаб. Гирифтам хоки кӯятро дар оғӯш, Ниҳолеро ба паҳлӯ кардам имшаб. Ба ғайр аз орзӯи ҷони Махфӣ Ҳавои дил ба як сӯ кардам имшаб.