Мужда эй дил, ки зи ғам вақти наҷот омадааст
Мужда эй дил, ки зи ғам вақти наҷот омадааст,
Боз дар хонаи ҷон шамъи ҳаёт омадааст.
Нест андешаи инсону малакро гузаре,
Пеши ҳусни ту парӣ бас ба закот омадааст.
Гирди чоҳи зақанат ташналабу сӯхтаҷон
Сабзаи хат зи паи оби ҳаёт омадааст.
Шарбати ташналабон ҷуз ба лаби ширин нест,
Ин даҳонат зи азал ҷайби набот омадааст.
Чист ин сӯзиши ман шамъсифат то ба саҳар?
Шуъларо бар ҷигарам гиря барот омадааст.
Баски бар ёди лабаш шарҳ навиштам, Махфӣ
Оҷиз аз дасти дилам килку давот омадааст.