Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Зебуннисо Махфӣ
Зебуннисо Махфӣ

Зи сӯзи ишқи ту з-он гуна дӯш тан месӯхт

Зи сӯзи ишқи ту з-он гуна дӯш тан месӯхт, Ки ҳар нафас зи таи сина пираҳан месӯхт. Ҳодиси ишқи туро то навишт мекардам, Сипандвор нуктаат бар сари сухан месӯхт. Даруни сина чунон даргирифта буд оташ, Ки оҳ дар ҷигару нола дар даҳан месӯхт. Шаҳиди ишқи туро шаб ба хоб медидам, Ки ҳамчу шуълаи фонус дар кафан месӯхт. Зи оҳи ними шабу нолаи саҳаргоҳӣ Ситора бар фалаку ғунча дар чаман месӯхт. Зи сӯзи синаи Махфӣ шуд ин қадар маълум, Ки ҳамчу хас мижааш дар гиристан месӯхт.