Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Зебуннисо Махфӣ
Зебуннисо Махфӣ

Дидае ку, ки пур аз ҳасрати дидори ту нест?

Дидае ку, ки пур аз ҳасрати дидори ту нест? Синае кӯ, ки дар он мурғи гирифтори ту нест? Гар зи хуноби ҷигар об диҳад оби ҳаёт, Равнақи гул ба ҷуз аз гӯшаи дастори ту нест. Бар наёяд зи хиҷолат зи паси кӯҳи ҳиҷоб Офтобе, ки паси сояи девори ту нест. Ҷону дил дода ба савдои ту Махфӣ бигзашт, Одамӣ нест ҳар он кас, ки харидори ту нест.