Булбул ба фиғон чанд зи дидори гулистон?
Булбул ба фиғон чанд зи дидори гулистон?
То кай бувад ин равнақи бозори гулистон?
Эй дил, ба ҷафо соз, ки дар дидаи булбул,
Фарқе набувад дар гулу рухсори гулистон.
Бастанд ҳарифон чу ба рӯям дари гулшан,
Чун хор нишастам паси девори гулистон.
Парвоз кунад мурғи дилам аз қафаси тан,
Доим ба ҳавои гули рухсори гулистон.
Гул чеҳра намояд бари наззораи булбул,
Хоре, ки бувад бар сари девори гулистон.
Шуд фасли баҳор аз чаману фасли хазон шуд,
То чанд тавон мурғ гирифтори гулистон?
Махфӣ, макун асрори ниҳон фош, ки афғон
Бегона бувад маҳрами асрори гулистон.