Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Зебуннисо Махфӣ
Зебуннисо Махфӣ

Чу гул хандон ба гулшан сайри гулшан метавон кардан

Чу гул хандон ба гулшан сайри гулшан метавон кардан, Чу булбул бар сари ҳар шох шеван метавон кардан. Баҳор омад нишастан то ба кай дар хона, эй мастон Ба пои гулбуне як раҳ нишиман метавон кардан. Равон шуд гар зи гулшан гул, дар оини вафо булбул Гули хуни ҷигарро ҳам ба доман метавон кардан. Макун айбам, агар гаштам биёбонгард чун Маҷнун, Ватан дар бенавоиҳо ба гулхун метавон кардан. Чу Яъқуб аз ғами ҳиҷрон дари Байтулҳазан бастам Ба рӯи худ, ки танҳо машқи мурдан метавон кардан. Зи хоки ман бикаш доман, ки аз баҳри худо имшаб Чароғе бар сари ҳар хок равшан метавон кардан. Ба уммеди нигоҳе рафт Махфӣ дил зи дасти ман, Нигоҳе аз тараҳҳум ҷониби ман метавон кардан.