Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Зебуннисо Махфӣ
Зебуннисо Махфӣ

Гар майли сухан дорӣ, дам аз дами мастӣ зан

Гар майли сухан дорӣ, дам аз дами мастӣ зан, Гар дам задаӣ боре аз бодапарстӣ зан. Дар сӯҳбати бадмастон чун маст шудӣ, бар хез, Бар шишаи май ғофил масте шуда дасте зан. Мурдем зи махмурӣ, то кай майи ангурӣ? Ё тавба бикун аз май, ё ҷоми аласте зан. Дорӣ сари парвозе андози баландӣ кун, Ҳар ҷо ки фурӯ монӣ, ҳар кӯчаи пастӣ зан. Андеша макун Махфӣ, бархез саҳаргоҳе Бар лашкари аъдоят мардона шикасте зан.