Гар маро шуълаи оҳе зи дил ояд берун
Гар маро шуълаи оҳе зи дил ояд берун,
Лахт-лахти ҷигарам музмаҳил ояд берун.
Баски оғушта ба хун аст дилам тоза ҳанӯз
Бар танам гар бишикофанд, гил ояд берун.
Дард чун гашт фузун, шуд дили ғамдида забун,
Нолаву оҳ ба ҳам муттасил ояд берун.
Меҳр ноёб чунон гашта, ки аз ғояти яъс
Ашк аз чашми ятимон хиҷил ояд берун.
Хоҳ дар анҷумани шоҳ бувад, хоҳ гадо
Бе талаб ҳар ки равад мунфаил ояд берун.
Махфиё, дар чаман аз гиряи булбул тарсам,
Ҷои гул бар сари ҳар шох гил ояд берун.