На сӯи гулшани ҳуснат назар тавон кардан
На сӯи гулшани ҳуснат назар тавон кардан,
На дар ҳарими хаёлат гузар тавон кардан.
На бо рақиб тавон лаҳзае ба сар бурдан,
На аз диёри муҳаббат сафар тавон кардан.
На бар вафои ту бастан тавон дили уммед,
На аз ҷафои ту қатъи назар тавон кардан.
На рози ишқи ту битвон нуҳуфтан андар дил,
На ғайри хеш касеро хабар тавон кардан.
Ба гиря сӯзиши дил кам намешавад Махфӣ,
Магар ба сабр илоҷи шарар тавон кардан?