Фасли баҳор мерасад, бодаи хушгувор ку?
Фасли баҳор мерасад, бодаи хушгувор ку?
Бар сари раҳ нишаста гул, замзамаи ҳазор ку?
Гул ба чаман кушод даст чодари чархи нилгун,
Соғари айш кард пур ғунча зи май хумор ку?
Гашта ҳавои бӯстон тавбашикан зи шабнаме,
Сози навои булбулу соқии гулузор ку?
Гул ба чаман кушод рӯ, ваъдаи васл медиҳад,
Саҳл бувад нишастанам, дидаи интизор ку?
Булҳавасони ошиқӣ баста ҳино басе ба даст,
Дастҳино нигор нест, даст ба хун нигор ку?
Гӯшанишини дил кунам дида вале замонаро
Баҳри намудани рухат қавл куҷо? Қарор ку?
Ваъда ба ишратам диҳӣ фасли баҳори зиндагӣ
Гардиши даври дунпараст ин ҳама эътибор ку?
Эй ки навишта медиҳӣ фатвӣ ба ихтиёри ман,
Дасти манасту доманат, риштаи ихтиёр ку?
Киштии чашми офият бар сари мавҷи фитна аст,
Боди мурод дар куҷо? Равшании канор ку?
Махфӣ агар чашидаӣ чошнии шаҳодате,
Равшании чароғи ту, лавҳи сари мазор ку?