Ҳирс фурсатинтизору даври ранг аст осиё
Ҳирс фурсатинтизору даври ранг аст осиё,
Дил зи навбат ҷамъ кун, пур бедиранг аст осиё.
Саъйи рӯзӣ бо балои беамон ҷӯшидан аст,
Бештар дар гардиш аз боди туфанг аст осиё,
Як надомат кори чандин донаи дил мекунад,
Гар тавонӣ даст бар ҳам суд, нанг аст осиё.
Аз манумо ҳар чӣ андӯзӣ, ниёзи нестист,
Ошиқи ин хирмани офатбачанг аст осиё.
Санг ҳам оинаи таҳқиқ сайқал мезанад,
Умрҳо шуд, дар талоши рафъи занг аст осиё.
То қиёмат гардиши афлок дар кор асту бас,
Кас нафаҳмид ин, ки мегардад, чӣ ранг аст осиё?
То нафас боқист, гирди ризқ мегардида бош,
Об чун вомонад аз рафтор, ланг аст осиё.
Зери гардун ноумеди амн то кай зистан?
Донаҳо, з-ин ҷо бурун оед, танг аст осиё.
Осмон ҳам то куҷо дар фикри мардум таг занад?
Баски рӯзихор бисёр аст, данг аст осиё.
Не заминат офиятгоҳ аст, не чархи баланд,
Бо чӣ хоҳӣ тарф баст, охир, дусанг аст осиё.
Бедил, аз гардун саломат чашм натвон доштан,
Алвидоъи дона гӯ, коми наҳанг аст осиё.