Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Дар талаб то чанд резӣ обрӯи комро?

Дар талаб то чанд резӣ обрӯи комро? Як сабақ шогирди истиғно кун ин ибромро. Доғ будан дар хумори матлаби ноёб чанд? Пухта натвон кард аз оташ орзуи хомро. Магзар аз мавқеъшиносӣ, варна, дар арзи ниёз Беш аз оруғ аст нафрат оҳи беҳангомро. Мехиромад пешпеши дил тапишҳои нафас, Ваҳшат аз нахчир ҳам беш аст ин ҷо домро. Монеи сайри сабукрав пойи хоболуд нест, Боли парвоз аст зиндони нигинҳо номро. Дурии васлат ба қадри дастгоҳи ҷустуҷӯст, Қатъ кун ваҳму хиёли қосиду пайғомро. Ҳусни мутлақ доштам, худбиниям оина кард, Ин қадарҳо ҳам асар мебудааст авҳомро. Чун ғубори шишаи соат тасаллидушманем, Аз мизоҷи хоки мо ҳам бурдаанд оромро. Зиндагӣ то кай ҳалоки Каъбаву дайрат кунад? Беҳ, ки аз дӯш афканӣ ин ҷомаи эҳромро. Аз тағофул то нигоҳи чашми хубон фарқ нест, Нашъа якранг аст ин ҷо дурду софи ҷомро. Ҳалқаи он зулф равнақ аз ғубори дил гирифт, Дуди оҳи сайди мо шуд сурма чашми домро. Кай равад фикри мазаррат аз мизоҷи аҳли кин? Мор натвонад ҷудо аз заҳр дидан комро. Арзи маънӣ дигару изҳори сурат дигар аст, Бедил, аз оина натвон хост вазъи ҷомро.