Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Дар безарӣ зи ҷабҳаи ахлоқ чин кушо

Дар безарӣ зи ҷабҳаи ахлоқ чин кушо, Ҳарчанд остин гираҳ орад, ҷабин кушо. Аз соилон дареғ нашояд табассумат, Гирам, кафат тиҳист, лаби офарин кушо. Оби ҳаёти ҷӯи ҷасад ҷавҳари сахост, Роҳи таровише чу зуруфи гилин кушо. Мунъим агар зи тангии хулқ аст нози ҷоҳ, Чиндортар зи нақши нигин остин кушо. Гар лаззат аз маоли ҳаловат набурдаӣ, Боре зи ашки шамъ сари ангубин кушо. Афсонаҳои Бежану Рустам ба тоқ неҳ, Гар марди қудратӣ, дилат аз банди кин кушо. Ҳайф аст табъи мард зи ғайбат қафо хурад, Мижгон ба ҳам неҳу назари ҷумлабин кушо. Боғу баҳор ташнаи сайри тағофулест, Ёрон, ҳазар кунед зи ҳези суринкушо. Аз нақби санг нақши нигин фатҳи боб ёфт, Эй номҷӯ, ту ҳам раҳи зери замин кушо. Таҳқиқ ҳар қадар диҳадат муҳлати нафас, Гавҳар ба сӯзани нигаҳи вопасин кушо. Бедил, ба ҳар чӣ азм кунӣ, васл мақсадест, Ин ҷо нишонаҳост, ту шаст аз камин кушо.