Шафақ дар хуни ҳасрат метапад аз дидани мино
Шафақ дар хуни ҳасрат метапад аз дидани мино,
Ақиқ обе равон мегардад аз хандидани мино.
Ҷигарҳо бар замин мерезад аз каф рафтани соғар,
Диле дар зери по дорад ба сар ғалтидани мино.
Бинол аз дарди ғафлат он қадар, к-аз худ бурун оӣ,
Ба қадри қул-қул аст аз хеш доман чидани мино.
Суроғи айш аз ин маҳфил маҷӯ, к-аз ҷӯши дилтангӣ
Садои гиря печидаст бар хандидани мино.
Тунуксармоя аст он дил, ки шуд осудагӣ созаш,
Ба бемағзӣ далеле нест ҷуз хобидани мино.
Ба саъйи бехудӣ қулқулнавои сози найрангам,
Шикасти ранг дорад ин қадар нолидани мино.
Руунат дар мизоҷи майпарастон раҳ намеёбад,
Чӣ имкон аст аз таслим сар печидани мино?
Назокат ҳам дар ин маҳфил ба каф осон намеояд,
Гудози санг мехоҳад ба худ болидани мино.
Бисоти ноз чидам, ҳар қадар к-аз худ бурун рафтам,
Пурӣ болид дархӯрди тиҳӣ гардидани мино.
Хамӯшӣ чанд? Табъи аҳли маънӣ тоза кун, Бедил,
Ба махмурон ситам дорад нафас дуздидани мино.