Шеърҳо бо теги: падар
Шеърҳои марбут ба теги «падар» дар сомонаи «Шоирон».
Шоирон
Маро Туркий наҷод асло магӯед
Маро Туркий наҷод асло магӯед, Наям турки забоне турки нишоне. Маро мавлуд Бухорои Шариф аст, Алам бардори фарҳанги ҷаҳоне.
Донӣ чӣ ҳикмат аст, ки фарзандро падар
Донӣ чӣ ҳикмат аст, ки фарзандро падар, Миннат надорад, ар диҳадаш рӯзу шаб ато. Яъне дар ин ҷаҳон, ки маҳалли ҳаводис аст, Дар меҳнати вуҷуд ту овардаӣ маро.
Ғизои рӯҳ бувад бодаи рақиқ, алҳақ
Ғизои рӯҳ бувад бодаи рақиқ, алҳақ, Ки ранги ӯ кунад аз дур ранги гулро дақ. Ба ранг занг зудояд зи ҷони андӯҳгин, Ҳумой гардад, агар ҷуръае бинӯшад бақ.