Шеърҳо бо теги: падар
Шеърҳои марбут ба теги «падар» дар сомонаи «Шоирон».
Шоирон
Яке бар дидани рӯи Падар зор
Яке бар дидани рӯи Падар зор, Яке доим Падарро мекунад хор. Ман аз ин кори қисмат дар аҷибам, Худоё ин чи сир асту чи асрор.
Модар фаришта буд, фақат болу пар надошт
Модар фаришта буд, фақат болу пар надошт, Шояд ки дошт болу пар, аммо хабар надошт. Ё дошт огаҳӣ зи пару боли хеш, лек, Майли ҷудо шудан зи ману аз Падар надошт
Падар ранҷонад, асло наранҷед
Падар ранҷонад, асло наранҷед, Хато гӯяд, ба ҳоли ӯ нахандед! Замоне, ки ба синни ӯ расидед, Фишори зиндагӣ, акнун бисанҷед!!!