Яке бар дидани рӯи Падар зор
Яке бар дидани рӯи Падар зор,
Яке доим Падарро мекунад хор.
Ман аз ин кори қисмат дар аҷибам,
Худоё ин чи сир асту чи асрор.
Падаронро Худовандо нигаҳ дор,
Макун муҳтоҷи фарзанди хатокор.
Барои ман Падар шахси азиз аст,
Намехоҳам Падар бошад адабдор.
Замини зери пои мо биларзад,
Агар ашки Падар аз ғам бирезад.
Худовандо талаб дорам ман аз Ту,
Гаҳе ашки Падарчонам нарезад.
Барои мо Падар бошад ғанимат,
Ҳақиқат ин ҳақикат ин ҳақиқат.
Ба вақти зиндагӣ қадраш бидонем,
Пас аз маргаш чи суд аз дарду ҳасрат.