Пашшае дар истакон омад фурӯд
Пашшае дар истакон омад фурӯд,
То бинӯшад ончи вопас монда буд.
Кӯдаке аз шайтанат-бозӣ кунон,
Баст бо дасташ даҳони истакон!
Пашша дигар туъмаашро лаб назад,
Ҷаст, то аз доми кӯдак вораҳад.
Хушклаб мегашт, ҳайрон, роҳ ҷӯ,
Зеру боло, баста ҳар сӯ, роҳи ӯ.
Равзане меҷуст дар девору дар,
То ба озодӣ расад бори дигар.
Ҳар чӣ бар ҷаҳду такопӯ мефузуд,
Роҳи берун рафтан аз чоҳаш набуд.
Он қадар кӯбид бар девор сар,
То фурӯ афтод, хунин болу пар.
Ҷон гиромӣ буду он неъмат лазиз,
Лек озодӣ гиромитар, азиз.