Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Забон гумкарда

Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае. Ин яке бахти ҷавон гум кардааст, Дигаре ганҷи равон гум кардааст. Ин яке гар ними нон гум кардааст. Дигаре ними ҷаҳон гум кардааст, Ин яке ҷону ҷигар гум кардааст. Он яке шуру шарар гум кардааст, Ин яке гум карда гар моли падар, Дигаре панди падар гум кардааст. Гар яке бому даре гум кардааст. Дигаре номи фаре гум кардааст, Он забони ҳамдили гум кардааст, Ин забони модари гум кардааст, Аз тамоми ину он гумкардагон Зиштрутар нест дар рӯи ҷаҳон , З-он ки гум карда забони модари, Ҳарф гуяд бо ту бо чандин забон. Бок не, гар довари гум кардааст, Ё умеди сарвари гум кардааст. Заҳр бодо шири модар бар касе, К-у забони модари гум кардааст. Он яке қадри сухан гумкардае, Дигаре боғу чаман гумкардае.