Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Хазонам гул кунад рӯзе, ки хандӣ, эй баҳори ман

Хазонам гул кунад рӯзе, ки хандӣ, эй баҳори ман, Нағунҷам дар ҳама олам, чу гунҷӣ дар канори ман. Вале афсӯсу вовайло, ки аз васли ту маҳрумам, Чу тиллои Зарафшон нестӣ дар ихтиёри ман. Зи дастам барнамеояд, ки дастат гираму гӯям: Гули оташпарасти ман, зи сар то пошарори ман, Маро аз сӯхтан боке набошад, лек метарсам, Ки оташбозии ишқат бисӯзад ёдгори ман. Туӣ оташ, манам оташ, кунад оташ зи оташ гул, Ки баъди мо гули оташ бирӯяд аз мазори ман...