Гуфтанду ман ҳам гуфтаам
Гуфтанду ман ҳам гуфтаам,
эй дӯстон, ëдам кунед,
Рафтанду ман ҳам рафтаам,
эй дӯстон, ëдам кунед.
Дирӯз будам бо шумо дар
маҳфили айши фароҳ,
Дар хоки танге хуфтаам,
эй дӯстон, ëдам кунед.
Гар ганҷи беҳамтои худ
бинҳуфт доро зери хок,
Ман ганҷи дил бинҳуфтаам,
эй дӯстон, ëдам кунед.