Зиндагӣ охир сар ояд, бандагӣ даркор нест!
Зиндагӣ охир сар ояд, бандагӣ даркор нест!
Бандагӣ гар шарт бошад, зиндагӣ даркор нест!
Гар фишори душманон обат кунанд, мискин машав,
Мард бош эй хастадил, шармандагӣ даркор нест!
Бо ҳақорат гар биборад бар сарат осмони дурр,
Осмонро гӯ, бирав, борандагӣ даркор нест!
Гар ки бо вобастагӣ дорои ин дунё шавӣ,
Дураш афкан! Инчунин дорандагӣ даркор нест!
Гар ба шарти пойбӯсӣ сар бимонад дар танат,
Ҷон деҳу рад кун, ки сарафкандагӣ даркор нест!
Зиндагӣ озодии инсону истиқлоли ӯст,
Баҳри озоди ҷадал кун, бандагӣ даркор нест!