Аё сайёд, шарме кун, маранҷон нимҷонамро
Аё сайёд, шарме кун, маранҷон нимҷонамро,
Пару болам бикан, аммо масӯзон ошёнамро.
Ба гардан бастаӣ чун риштаву бар пой занҷирам,
Мурувват кун, иҷозат деҳ, ки бикшоям даҳонамро...
Чу Лоҳутӣ, ба ҷон миннат пазирам то абад онро,
Ки бо ман меҳрубон созад бути номеҳрубонамро.