Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Бадриддин Ҳилолӣ
Бадриддин Ҳилолӣ

Дорам шабе, ки дӯзах аз он шаб аломат аст

Дорам шабе, ки дӯзах аз он шаб аломат аст, Аз рӯзи ман мапурс, ки он худ қиёмат аст. Ё Раб, тараҳҳуме, ки зи санги ҷафои халқ Мо дилшикастаему зи ҳар сӯ маломат аст. Бар остони ишқ сари мо баланд шуд, В-ин сарбаландӣ аз қади он сарвқомат аст. Рафтан зи кӯйи ӯ караме буд аз рақиб, Ин ҳам, ки рафту боз наёмад, каромат аст. Собитқадам фитод Ҳилолӣ ба роҳи ишқ, Ӯро дар ин тариқ аҷаб истиқомат аст.