Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Бадриддин Ҳилолӣ
Бадриддин Ҳилолӣ

Шишаи май дур аз лабҳои майгун мегирист

Шишаи май дур аз лабҳои майгун мегирист, То дили худро даме холӣ кунад, хун мегирист. Дӯш бар сӯзи дили ман гиряҳо мекард шамъ, Чашми ман он гиряро медиду афзун мегирист. Он на шабнам буд дар айёми Лайлӣ ҳар сабоҳ, Осмон шаб то саҳар бар ҳоли Маҷнун мегирист. Сел дар ҳомун, садо дар кӯҳ донӣ аз чӣ буд? Аз ғами ман кӯҳ менолиду ҳомун мегирист. Бар рухи зардам бибин хатҳои ашки сурхро, Ин нишонҳост, ки имшаб чашми ман хун мегирист. Шаб, ки мехондӣ Ҳилолирову мерондӣ ба ноз, Дар дарун пеши ту механдиду берун мегирист.