Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Бадриддин Ҳилолӣ
Бадриддин Ҳилолӣ

Ин тозагул, ки мерасад, аз бустони кист?

Ин тозагул, ки мерасад, аз бустони кист? Нахли кадом гулшану сарви равони кист? Боз ин ниҳоли тоза, ки сар мекашад ба ноз, Сарви кашидақомату нозукмиёни кист? Эй дил, зи тири абруи пурфитнааш манол, Тираш ту худ мабин, бингар, к-аз камони кист? Дашномҳо, ки аз ту расонданд қосидон, Донистам аз адои сухан, к-аз забони кист. Гар афкананд пеши сагат баъди куштанам, Донад зи бӯйи дард, ки ин устухони кист. Афсона шуд ҳадиси ман, охир шабе бипурс, К-ин гуфтугӯ, ки мегузарад, достони кист? Аз оҳи гарм сӯхт Ҳилолию кас нагуфт: Дуде, ки бар фалак шуда, аз хокдони кист?