Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Бадриддин Ҳилолӣ
Бадриддин Ҳилолӣ

Агар савдои ишқ ин аст, ман девона хоҳам шуд

Агар савдои ишқ ин аст, ман девона хоҳам шуд, Чӣ ҷои ошно? К-аз хеш ҳам бегона хоҳам шуд. Дамидӣ як фусун в-аз даст бурдӣ сабру ҳуши ман, Худоро, тарки афсун кун, ки ман афсона хоҳам шуд. Ғами ишқи туро чун ганҷ дар дил кардаам пинҳон, Ба ин ганҷи ниҳонӣ сокини вайрона хоҳам шуд. Шабе, к-аз рӯйи оташнок маҷлисро барафрӯзӣ, Ту шамъи ҷамъ хоҳӣ гашту ман парвона хоҳам шуд. Маро кунҷи салоҳу хирқаи тақво намезебад, Гиребончоку расво ҷониби майхона хоҳам шуд. Ба даври он лаби майгун маҷӯ паймони зӯҳд аз ман, Сари паймон надорам, бар сари паймона хоҳам шуд. Ҳилолӣ, ман на он риндам, ки аз мастӣ шавам беҳуд, Агар беҳуд шавам, з-он наргиси мастона хоҳам шуд.