Ғаме, к-аз дарди ишқат бар дили ношод меояд
Ғаме, к-аз дарди ишқат бар дили ношод меояд,
Агар бо кӯҳ гӯям, кӯҳ дар фарёд меояд.
Дилам рӯзе, ки тарҳи ишқ меандохт, донистам,
Ки гар созам бинои сабр, бебунёд меояд.
Намедонам, чӣ бераҳм аст он султони маҳбубон?
Ки ҳар гаҳ дод хоҳам, бар сари бедод меояд.
Рақибо, гар туро андешаи мо нест, маъзурӣ,
Куҷо бедардро аз дардмандон ёд меояд?
Туфайли бандагон ман ҳам қабул афтодаам, гӯё
Ки аз ҳар ҷониб овози муборакбод меояд.
Аҷаб хоки фараҳнок аст кӯйи майфурӯшонро,
Ки ҳар кас меравад ғамгин, ҳамон дам шод меояд.
Чӣ нисбат бо рақиби сангдил мискин Ҳилолиро?
Намеояд зи Хусрав он чӣ аз Фарҳод меояд.