Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Бадриддин Ҳилолӣ
Бадриддин Ҳилолӣ

З-он пештар, ки ҷонон ногаҳ зи дар дарояд

З-он пештар, ки ҷонон ногаҳ зи дар дарояд, Аз шодии висолаш тарсам, ки ҷон барояд. Носеҳ ба сабр моро бисёр хонд, лекин Мо ошиқему аз мо ин кор камтар ояд. Эй турки шӯх, боре дар сар чӣ фитна дорӣ? К-аз шӯхии ту ҳар дам сад фитна бар сар ояд. Ҷуз акси худ, ки бинӣ з-оина гоҳ-гоҳе, Мисли ту дигаре ку, то дар баробар ояд? Гуфтӣ, ки бо ту ёрам, оҳ, ин дурӯғ гуфтӣ, В-ар з-он ки рост бошад, кай аз ту бовар ояд? Бар гирди шамъи рӯят парвона шуд Ҳилолӣ, Як бор гар биронӣ, сад бори дигар ояд.